Сокинони ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо ҷурми нашъаҷаллобӣ боздошт гардиданд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКД иттилоъ расид, зимни баргузории як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милиса дар кӯчаи Ленин, автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами давлатияш 67-76 ТТ 02 РТ, таҳти идораи ронанда Шарифов Урунҳӯҷаи 23 сола, сокини ҷамоати Х.Усмон, бо мусофиронаш Аъзам Сангинови 22- сола ва Муҳсин Ҷумъаеви 21-сола дастгир шудаанд.
Аснои азназаргузаронии сабукрав аз таги нишастгоҳи пеши автомашина, ки шаҳрванд Аъзам Сангинов менишаст, 870 грамм маводи нашъадори афюн дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Гуфтанист, ин миқдор мавод ба шаҳрванд Абдусалом Қаҳҳорови 32- сола сокини ҷамоати Унҷӣ таалуқ доштааст. Феълан, нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.