Тоҷикписар Толибҷон Қурбонхонов бо пахши як суруди русӣ дар шабакаи «Ютуб» аз номзадии Владимир Путин дар интихоботи президентии қарибулвуқӯъи Русия даъвати пуштибонӣ кардааст.
Ин суруд дар маҳфилҳои гуногуни сиёсиву ҷамъиятии Русия таҳлилу баррасиҳоро ба доман гирифтааст. Фаъолияти Владимир Путин, аз аввал то ба имрӯз, саҳми ӯро дар бардоштани нуфузи Русия дар арсаи ҷаҳонӣ ва дигар хидматҳои ӯро ин муҳоҷирбачаи тоҷик тавсиф кардааст.
Чаро маҳз тоҷикписар ба тавсифи Путин тасмим гирифтааст, касе намедонад, аммо суруд бо вуҷуди оҳанги сиёсӣ доштанаш ҳам хеле форам ба гӯш мерасад.
Ин тоҷикписар чӣ муддат аст дар Русия аст ва аслан ба кадом кор шуғл дорад, то ҳанӯз маълум карда нашудааст. Аммо хоҳишмандон метавонанд, ин сурудро аз суроғаи https://www.youtube.com/watch?NR=1&feature=endscreen&v=gMd3lrDgEn4 тамошо намоянд.