Изҳори сипоси Зарифӣ ба Залмай Расул
Рӯзи гузашта гуфтугӯи телефонии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо ҳамтои афғонаш Залмай Расул баргузор гардид.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии ин вазорат иттилоъ доданд, Зарифӣ барои мусоидат дар озод кардани шаҳрванди Тоҷикистон Яков Тсой, ки дар ҳабсхонаи Пули Чархии ҶИА қарор дошт, ба Залмай Расул изҳори сипос намуд.
Баъдан, вазирони корҳои хориҷии ҳарду кишвар масъалаи омодагӣ ба гузарондани 5-умин Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V)-ро, ки ба 26-27 марти 2012 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, мавриди муҳокима қарор доданд. Ҳамчунин, масъалаҳои вобаста ба лоиҳаҳои минтақавӣ оид ба бунёди инфрасохторҳо ва коммуникатсияҳо, ки зимни конфронс бо иштироки Тоҷикистон, Афғонистон, дигар кишварҳои манфиатдор, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ пешниҳод мегарданд, баррасӣ шуданд.
Дар рафти гуфтугӯи телефонӣ вазирон Ҳамрохон Зарифӣ ва Залмай Расул инчунин ба масъалаҳои омодагӣ ба ҷашни Рӯзи байналмилалии Наврӯз, ки бо иштироки як қатор сарони давлатҳо дар шаҳри Душанбе барпо мегардад, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуданд.