Қоҳир Расулзода, райиси вилояти Суғд «Дар бораи тантанаҳои ба истифодадиҳии нақби Шаҳристон дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ дар шаҳри Истаравшан» қарори дахлдорро ба тасвиб расонид.
Тибқи санади мазкур дар семоҳаи дуюми соли 2012 дар шаҳри Истаравшан маросими тантанавии ба истифодадиҳии нақби Шаҳристон дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ гузаронида мешавад. Тавре ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» аз дастгоҳи райиси вилоят иттилоъ доданд, масъулин вазифадор шудаанд, ки барои дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани маросими тантанавӣ ва таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳои мазкур тадбирҳои мушаххас андешад.
Ҳамчунин, Раёсати фарҳанги вилоят ҷиҳати дар сатҳи баланди маънавӣ омода намудани барномаи фарҳангии ҷашнӣ маваззаф гардидааст.
Бояд қайд намуд, ки идораи телевизион ва радиои вилоят, рӯзномаҳои давлатии вилоятӣ ва маҷаллаҳои «Паёми Суғд», «Ноҳид» аз ҷараёни маросими тантанавии ба истифодадиҳии нақби Шаҳристон барномаҳо таҳия ва мавод чоп намоянд.