Дар вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Нурофар» муаррифии тарҳи нерӯгоҳи барқӣ- обии «Шӯроб» баргузор гардид.
Тавре аз вазорати мазкур ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, сохтмони нерӯгоҳи «Шӯроб» ҳанӯз солҳои 70-уми асри гузашта, бо мақсади истифодаи пурраи захираҳои обии энергетикии дарёи Вахш роҳандозӣ гардида буд: «Ҳангоми тарҳрезии лоиҳаи иншооти гидротехникии НБО-и «Роғун» ба роҳ мондани сохтмони ин нерӯгоҳ низ ба миён омад, ки дар маҷмӯъ бо дигар нерӯгоҳҳои сохташаванда, системаи силсиланерӯгоҳҳои дарёи Вахшро ташкил медод».
Гуфтанист, иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳ 862,5 МВт буда, солона имконияти истеҳсоли 3,2 миллирад киловатт соат нерӯи барқро дорад.Эҳдоси НБО-и «Шӯроб» аз ҷиҳати иҷтимоӣ ва экологӣ ба муҳити зист ягон таъсир намерасонад ва барои рушди энергетикаи кишвар мавқеи асосиро мебозад. Бори аввал аст, ки чунин лоиҳаи калон аз тарафи мутахассисони маҳаллӣ таҳия ва пешбарӣ карда шудааст ва дар сурати оғоз ёфтани сохтмони он беш аз 3,5 ҳазор шаҳрвандони кишвар ба ҷои кор таъмин хоҳанд шуд, афзуд манбаъ.