Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии райиси шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.
Тибқи ин тасмим, комиссияи тендерии Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №40 аз 31 январи соли 2012 «Дар бораи баргузории тендер» оид ба хариди 150 адад воситаҳои нақлиёти мусофиркаши хурдҳаҷм (микроавтобусҳо) на камтар аз 12 ҷойи нишаст, бо сӯзишвории дизелӣ фаъолияткунанда, стандарти экологӣ на камтар аз Евро-3 ва мутобиқ ба иқлими Тоҷикистон барои корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии шаҳри Душанбе баҳри беҳбудбахшии хизматрасонӣ ба мусофирон дар хатсайрҳои шаҳрӣ ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, фароҳам овардани шароити рақобати солим, ташкилотҳои ватанию хориҷиро ба сифати «Иштирокчӣ» аз 8 феврал то 29 феврали соли 2012 ба озмун даъват менамояд.
Иштироки довталабон дар озмун бо дарназардошти пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва шартҳои зерин ба инобат гирифта мешавад:
-Оинномаи корхона;
-иҷозатнома (литсензия) барои амалисозии навъҳои фаъолият;
-кафолати бонкӣ барои шартҳои дархостӣ;
-гувоҳномаи нозироти андози макони қайд;
-гувоҳномаи Фонди ҳифзи иҷтимоии макони қайд;
-маълумотнома оид ба ҳаҷми умумии Қарорҳо оид ба фурӯши нақлиётҳои мусофиркаши истифодаи умум дар 3 соли охир;
-маълумотнома оид ба иштирок дар муҳокимаи судӣ;
-пардохти ҳаққи иштирок дар тендер.
Телефонҳо барои тамос: 221-53-24; 221-28-65.
Дархостҳо то соати 17-00, рӯзи 29 феврали соли 2012 ба шӯъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва комуникатсияи дастгоҳи райиси шаҳри Душанбе пешниҳод карда шаванд.