Тавре Фаридун Солиев, сухангӯи ФФТ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, мураббии нав санаду иҷозатномаҳои марбутаи байналмиллалиро (PRO) дорост. Ёдрас менамоем, то ин замон вазифаи сармураббии дастаи яккачини кишварро Олимҷон Рафиқов ба зимма дошт.
Сухангӯи ФФТ гуфт: «Рафиқов дар оянда тими «Истиқлол»-ро машқ дода, дастаи мазкурро барои муборизаҳои қаҳрамонии Ҷоми президенти КФО омода хоҳад кард».
Гуфтанист, Кемал Алиспахич аз рӯзи 29-уми феврал ба иҷрои вазифаҳояш шӯрӯъ мекунад: « Дар ин рӯз бозии охирини тими миллии футболи Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Кореяи Шимолӣ дар Хуҷанд сурат мепазирад»
РS: Кемал Алиспахич дар гузашта дар тимҳои «Сараево», «Железничар» (Сараево), «Слобода» (Ужитсе, Сербия), «Дуйсбург» (Олмон), «Кайсериспор» (Тукия), «Лозанна-Спорт» (Швейтсария) бозӣ кардааст.
Фаъолияти мураббигии ӯ аз дастаи «Лозанна» (U-21, Швейтсария) шурӯъ гардида, баъдан клуби «Этагниерес»-и ин кишвар, «Железничар» (Босния ва Гертсеговина), «Сараево»-ро машқ додааст. Баъдан, дастаҳои «Сабо» (Эран), «Единство» ( Босния), «Муган»-и Озарбойҷон, «Ал-Иттиҳод»-и Сурия таҳти сарварии ӯ тамрин кардаанд. (
Кемал Алиспахич қаҳрамони секарати Босния ва Гертсоговина буда, Ҷомдори ин кишвар аст. Инчунин, Шоҳҷоми Боснияву Гертсоговин ва Ҷоми Сурияро низ дар риштаи футбол соҳиб шудааст. Бо забонҳои немисӣ, туркӣ, фаронсавӣ ва русӣ озод ҳарф мезанад.