Ҳамзамон, як рӯз баъд, кормандони ҳамин Раёсат шарики ӯ, сокнини 29-солаи Қӯрғонтеппаро, ки низ муваққатан бекор ва оиладору соҳиби ду фарзанд будааст, боздошт карданд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз кисаи шими ӯ маводи хокамонанд ва кулӯхчадори дорои бӯи махсус кашф ва мусодира гардид. Лабораторияи ташхиси судӣ 0,6717 гармм ҳероин будани хокаи мусодирашударо тайид кард.
Инчунин, масъулини АНМН рӯзи 6-уми феврал дар кӯчаи ба номи Чехови шаҳри Душанбе шаҳрванди 31-солаи пойтахтро бо 94,4 грамм воситаи нашъаовари ҳашиш боздошт намуданд. Дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд бошад, кормандони Раёсати агентӣ дар ҷараёни баргузории амалиёти фаврӣ як гурӯҳи муташаккил иборат аз ду нафарро ба гумони ширкат дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт ва аз онҳо 804,2 гармм бангдона мусодира намуданд: «Аз ҷумлаи боздоштшудагон яке сокини 38-солаи ноҳияи Мастчоҳ, оиладор, соҳиби чор фарзанд буда, қаблан суд нашудааст. Шарики ӯ, зодаи ноҳияи Сарбанди вилояти Хатлон аст, ки дар шаҳри Чкаловск зиндагонӣ мекунад. Мавсуф низ бекор, оиладор ва соҳиби 5 фарзанд аст.
Манбаъ афзуд, тафтишот ошкор кард, ки яке аз боздоштшудаҳо соли 2011 бо моддаҳои 245, 247 қ. 4 банди б суд аз озодӣ маҳрум шудааст. Кормандони фаврӣ ин миқдор маводи нашъадорро дар ҷараёни кофтукови хонаи истиқоматии онҳо дар як халтачаи селофанӣ пайдо карданд.
Зимнан, ҷавоне, ки дар бозори марказии шаҳри Хоруғ қасд дошт мухаддирот савдо кунад, аз ҷониби кормандони Раёсати агентӣ дар ВМКБ боздошт шуд. Тибқи хулосаи лабораторияи ташхиси судии Раёсати агентӣ маводи мусодирашуда аз ӯ, навъи ҳероин буда, вазни умумии он 0,788 грамро ташкил медиҳад.
-Ҳамаи боздоштшудагон ба ҳабс гирифта шудаанд ва аз аъмоли содиркардаи онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот барои муайян кардани сарчашмаҳои дарёфти маводи мухаддир ва шарикон ҷиноии боздоштшудагон идома дорад,-илова кард манбаъ.