Кормандони Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи минтақаи Кӯлоб аз аввали сол инҷоиб 16 ҳолати даст ба коррупсия задани масъулини давлатиро дар навоҳии минтақа ошкор кардаанд.
Дар қиболи 9 нафар парвандаҳои ҷиноятиву маъмурӣ оғоз намуда, тафтишот идома дорад. Дар ин бора сардори агентии мазкур дар Кӯлоб, полковники адлия Умархон Ясадов ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод: «Дар аксар маврид, масъулин барои таъмин намудани қитъаҳои замин барои бунёди манзили зист, аз шаҳрвандон ришва мегирифтанд. Дар ҳоли ҳозир, ба хотири халал нарасонидан ба рафти тафтишот, ҷинояткорон номбар намешаванд».
Маврид ба ёдоварист, соли гузашта аз ҷониби кормандони ин агентӣ 87 ҳолати фасодкорӣ дар навоҳии минтақа ошкор гардидааст, ки дар онҳо 29 нафар айбдор дониста шудаанд. Нисбат ба соле пештар дар минтақа 19 ҳолати коррупсионӣ зиёд мебошад.