Сарчашмаи хабар ҳамчунин гуфт, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин тамринҳо 21 футболбоз шомиланд. Нафари 22-юм, Нуриддин Давронов (нимҳимоятгари тими «Истиқлол») рӯзи 16-уми феврал ба Туркия меояд.
Маврид ба ёдоварист, футболбозони тоҷик дар Туркия ба бозии сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 бо тими Куриёи Шимолӣ дар шаҳри Хуҷанд (29-уми феврал) ва сабқати ниҳоии Ҷоми даъвати АФК-2012 дар Непал (8-18 март) омодагӣ мебинанд.