Шурӯъ аз моҳи декабри соли равон, яъне аз замони барфрезии аввал роҳи байни Сафеддара- Чорсӯи Ҷиргатол тоза карда нашудааст.
Инчунин, дар баромадгоҳи деҳа як пули дар ҳолати садама қарордошта вуҷуд дорад, ки ҳар лаҳза аз як воқеаи даҳшатборе дарак медиҳад. Худо накарда, ба сари ягон нафаре аз ин мардум дард ё беморие расад, зинда расиданашро ба беморхона тасаввур кардан имконнопазир аст.
Ба болои ин, масофаи беш аз 200 метри ин роҳ аз болои ҷарии паҳлӯи дарёи Сурхоб мегузарад, ки на ҳар кас ёрои гузаштан аз онро дар зимистон мекунад.Тундбоди ба қавли мӯсафедони деҳаи номбурда «қӯракуш», барфи теппаҳои атрофро рӯфта, дар роҳ мехобонад, ки кас бо қадами ноҷояш ба даруни Сурхоб сарозер мешавад.
Тафсилоти бештар дар ин нишонӣ маҳфуз аст: https://ozodagon.tj/g/item/16180