Генерал Вилям Фрейзер III, фармондеҳи қӯшунҳои нақлиётии ИМА (USTRANSCOM), боздиди аввалин худро аз Тоҷикистон оғоз намуд.
Тавре аз сафорати ИМА дар Душанбе ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ҷаноби Фрейзер чанде пеш фармондеҳии қушунҳои нақлиётии ИМА-ро, ки татбиқи тамоми талаботҳои нақлиётии вазорати дифои Амрикоро дарбар мегирад, ба ӯҳда гирифт.
Гуфта мешавад, аснои боздидаш генерали амрикоӣ бо Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ва сардори Раёсати қӯшунҳои сарҳадӣ Шералӣ Мирзо мулоқот мекунад.