Дар шимоли кишвар шаҳрванди Ҷумҳурии Қазоқистон бо иттиҳоми даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир карда шуд.
Тавре ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» дар РКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд, зимнан дар пайи як амалиёти вижаи кормандони милиса дар ҳудуди ҷамоати Овчӣ-қалъачаи ноҳияи Б. Ғафуров, Руслан Богатирев боздошт гардид,ки ӯ санаи 28 январи соли 2011 дар кӯчаи Репини шаҳри Хуҷанд ба шахси боваринок 1 адад халтаи синтетикиро, ки дар дохилаш 10 адад бастаҳои дар дохилашон маводи хокаю ғурӯшамонади бӯи махсус доштаро барои бо роҳи қочоқ ба Ҷумҳурии Қазоқистон интиқол додан медиҳад.
Манбаъ гуфт, шахси боваринок бошад , маводҳои мазкурро ба кормандони милиса ихтиёрӣ оварда супоридааст. Мувофиқи маълумотномаи БТК ШКД маводи мазкур навъи ҳероин дар омехтагӣ буда, вазни хоси он 10 кг 05 граммро ташкил намудааст.
Оиди ин ҳодиса, нисбати Руслан Богатирев парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 200, қисми 4 банди «д» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.