Барои дар сатҳи зарурӣ омода намудани иншоотҳои истироҳатию солимгардонӣ ва ташкили истироҳати кӯдакону наврасон дар мавсими тобистони соли 2012 қарори марбутаи Қоҳир Расулзода, райиси вилояти Суғд ба тасвиб расид.
Тавре ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» дар ҳукумати вилоят иттилоъ доданд, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ин қарор ба раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят супориш дода шудааст, ки барои ташкили самараноки истироҳати тобистона ва солимгардонии кӯдакону наврасон дар лагеру фароғатгоҳҳо, истифодаи мақсадноки маблағҳои ба ин мақсад пешбинишударо таъмин намоянд.
Инчунин, роҳбарони корхона, муассиса ва ташкилот сарфи назар аз шакли моликият ва фаъолияти хоҷагидориашон вазифадор гаштаанд, ки истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии дар тобеияташон бударо то мӯҳлати пешбинишуда омода намуда, истироҳати мактаббачагонро дар 3 баст ташкил намоянд.
Маврид ба ёдоварист, дар лагерҳои беруназшаҳрӣ бачагони болаёқат аз оилаҳои камбизоат фаро гирифта мешаванд.