Э.Раҳмон: Вазъи таъмини нафақа дақиқ санҷида шавад
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон доир ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла таъмини саривақтии нафақа машварати корӣ доир намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии райисҷумҳур, дар нишаст ҷараёни иҷрои супоришҳои президент оид ба таъмини эътидол дар Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, омўзиши низоми таъини нафақаҳои маъюбӣ ва пардохти саривақтии нафақа баррасӣ шуд.
Ианбаъ афзуд, Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки таъмини адолати иҷтимоӣ дар ин соҳа аз вазифаҳои бисёр муҳим ба шумор меравад. Зимнан, ба масъулини дахлдор дастур дода шуд, ки вазъи ин соҳаро мавриди санҷишу омўзиш қарор диҳанд ва барои ислоҳи ҳолатҳои номатлуб чораҳои мушаххас андешида, ба ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд.