Гуфта мешавад, бештари ҳолати марги мардум бар ҳангоми тоза кардани бомҳои хонаҳояшон аз тӯдаи барф ба вуқӯъ пайваста, асосан мардуми калонсоли танҳо мувоҷеҳи марг бар асари афтодан аз бомҳо ва сардзанӣ шудаанд.
Мақомоти ҳавошиносии Ҷопон ҳаҷми боришоти барфро аз ҳисоби миёнаи солона ба андозаи то 4 маротиб беш арзёбӣ кардаанд.
Феълан, боришоти барф дар қисмати ғарбии Ҷопон идома дошта, мақомот ба аҳолӣ безарурат таъкиди аз хонаҳо набаромаданро кардаанд.