-Нуриддин Саидов дар мавриди ба таъхир афтодани мӯҳлати нашри қисми зиёди китобҳои дарсӣ аз сӯи нашриётҳо ноширонро интиқод намуд,-афзуд манбаъ.
Оқои Муборак илова кард, ки алъон 31 номгӯи китоби дарсӣ дар дасти чоп аст, танҳо се номгӯй пурра ва боқимондааш қисман ва ё тамоман нашр нашудааст. Гуфтанист, тибқи қарордоди вазорати маорифи ҷумҳурӣ ва нашриётҳо, аз мӯҳлати иҷрои чопи китобҳои дарсӣ 6 моҳ сипарӣ гардидааст: «Саидов зимни мулоқот ълом дошт, ки афзалият ба он нашриётҳо дода мешавад, ки китобҳои дарсиро саривақт ва бо сифати баланд чоп намоянд».