Мактуби мазкурро сафири ИМА дар Афғонистон ба Карзай таслим кардааст.
Обама аз ҳодисаи бавуқӯъомада изҳори таасуф намуда, аз Ҳомид Карзай ва тамоми мардуми Афғонистон бахшиш пурсидааст. Президенти ИМА ба Карзай итминон додааст, ки сарбозон ин корро қасдан накардаанд. Ӯ ҳамчунин ваъда кардааст, ки ин қазия таҳқиқ шудаву гунаҳкорон ҷазо мебинанд.
Ба қавли Обама, тамоми корҳо анҷом мешавад, то чунин амали нангин дигар такрор нашавад. Қаблан, барои сӯзонидани Қуръон, фармондеҳи Нерӯҳои байналмилалии ҳамкориҳои амниятӣ дар Афғонистон (ISAF) генерал Ҷон Аллен низ аз мардуми афғон узр пурсид.
Ёдрас менамоем, Қуръонсузӣ рӯзи 20 феврал дар пойгоҳи низомиёни НАТО дар Багром ба вуқӯъ пайваст. Сарбозони аҷнабӣ аз афғонҳои боздоштшуда китобҳои муқаддасро гирифта онҳоро оташ задаанд. Дар натиҷа, ҳазорон нафар бо нишони эътироз ба кӯчаҳо рехтанд ва шиорҳои зиди Амрико сар доданд. Зимнан, дар пайи ин эътирозот сафорати ИМА дар Кобул баста шуд.