Дар ин бора сафири ҶТ дар он кишвар Давлаталӣ Ҳотамов ба хабаргузории “Меҳрнюз” иброз доштааст: «Айни замон, асосан воридоти маводи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон аз Русия сурат мегирад ва аммо мо омода ҳастем, ки харидории нафтро аз Эрон шурӯъ намоем».
Давлаталӣ Ҳотамов гуфтааст, ҳамакнун моро зарур аст, то барои интиқоли нафт аз Эрон ба Тоҷикистон бунёди хати нафтгузарро шурӯъ намоем. Номбурда ҳамчунин, дар бораи ҳамкориҳои миёни Эрону Тоҷикистон ибрози назар намуда, сатҳ ва сифати онро баланд арзёбӣ карда, аз ҷумла гуфтааст: «90 дар сади корҳои сохтмонӣ дар нақби “Истиқлол” - и Тоҷикистон, ки аз сӯи мутахассисони эронӣ сохта мешавад, ба иҷро расидаанд».
Гуфта мешавад, аз он ки Эрон интиқоли нафтро ба як қатор кишварҳои аврупоӣ манъ кард, имкони фурӯши он ба кишварҳои Осиё ба миён омадааст.
Ёдрас менамоем, чанд рӯз пеш Эрон лоиҳаи сохтмони шаҳраки саноатиро дар Тоҷикистон рӯи даст гирифт, ки он дар ноҳияи Рӯдакӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.