Ин нуктаро дар сӯҳбат бо хабарнигори «Озодагон» Исмоил Талбаков, вакили парлумони Тоҷикистон изҳор дошт. Талбаков мӯътақид аст, ки тавасути ташкили иттифоқҳои қарзӣ дар Тоҷикистон дастрасӣ ба қарзҳои фоизашон паст осон мегардад. Вай бартарият ва фарқияти иттифоқҳои қарзиро аз ташкилотҳои қарзӣ ва бонкҳо дар он медонад, ки иттифоқҳо бо маблағи худи шаҳрвандон ташкил мегарданд. Вай ташкили иттифоқҳои қарзиро падидаи маъмулии иқтисоди бозорӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ гуфта таъкид намуд, ки айни ҳол дар 92 давлати дунё 42 ҳазору 616 иттифоқи қарзӣ фаъолият доранд, ки дар сафҳои худ 200 миллион аъзоро ҷамъ намуда, сандуқи қарзиашон беш аз як триллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Дар Тоҷикистон ҳам айни ҳол аз ҷониби вакилон Талбаков, Раҷабов ва Нозимов лоиҳаи қонун «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ» таҳия шуда, барои қабул пешниҳод гардидаст. Муаллифон мегӯянд, ин қонун муносибати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки дар фаъолияти иттифоқҳои қарзӣ ба миён меоянд, танзим намуда, манфиати иштирокчиёни иттифоқҳои қарзиро ҳифз мекунад.