Тибқи иттилои дафтари матбуотии ВКХ, рӯзи 27-уми феврал дар пойтахти Белягия ҷаласаи дуюми Шӯрои ҳамкории Иттиҳоди Аврупо – Тоҷикистон сурат мепазирад. Зимнан, ҳайати Тоҷикистонро Ҳамрохон Зарифӣ дар ин нишаст роҳбарӣ мекунад.
Гуфтанист, дар ҷаласаи мазкур масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, хусусан ҷабҳаҳои калидии татбиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ислоҳоти дохилӣ, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, мавзӯи об ва муҳити зист, масоили байналхалқӣ ва ҳамкории минтақавӣ, инчунин дигар самтҳои муносибатҳои мутақобила мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Маврид ба ёдоварист, ки ҷаласаи нахустини Шӯрои ҳамкории Иттиҳоди Аврупо – Тоҷикистон 13 декабри соли 2010 дар шаҳри Брюссел доир гардида буд.