Дахолати низомиёни хориҷӣ дар умури Сурия ягона роҳи ҳал аст, зеро бӯҳрони минтақаро танҳо бо роҳи низомӣ метавон дур кард.
Дар ин бора, Шӯрои миллии Сурия бо интишори як баёния дар расонаҳои хабарӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостаанд, ки барои ҳимояти мардуми Сурия чораи фаврӣ биандешанд: «Мо дар дуроҳае қарор дорем, ё дахолати низомии кишварҳои дигар, ё ҷанги дохилии дарозмуддат».
Дар охир аз раҳбарони Кремл дархост намудаанд, ки бо фишори алайҳи режими Сурия ба ҳомилони кӯмак иҷоза бидиҳанд, то вуруди кишвар шаванд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамарӯза дар ин кишвар бар асари мухолифатҳои сиёсиву низомӣ садҳо нафар ҷони худро аз даст медиҳанд.