Зимнан, дар Брюссел масоили равобити дуҷонибаи Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон ва ҳамчунин масоили дигари мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн баррасӣ шудааст.
Виллӣ Совндал дар нишасти муштараки хабарие, ки дар пайи анҷоми нишасти Шӯро доир шуд, гуфт, ИА Тоҷикистонро як бозигари муҳим дар минтақаи Осиёи Марказӣ шинохта, мехоҳад, равобиташро бо Душанбе боз ҳам таҳким бубахшад. Ӯ ҳамчунин хостори ҳамкории наву густардатар байни ИА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ шуд: «Ислоҳоти сиёсӣ, ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва ҳамчунин масоили иқтисоду тиҷорат ва сиёсати хориҷӣ аз мавзӯъҳои аслии баррасишаванда дар нишасти Брюссел бо мақомоти Душанбе буд. Мо дар ин фазои бозу созанда нафақат масоили осон, балки мавзӯъҳои мушкилро ҳам баҳс кардем. Мо хоҳони таҳкими ҳамкорӣ ва мушорикати ҷадиде бо Осиёи Марказием, ки Тоҷикистон низ як бахши марказиаш хоҳад буд. Мо чолишҳои умумии зиёде дорем, чун қочоқи маводи мухаддир ва мушкилоти муҳити зист ва ҳамкорӣ дар ин риштаҳо ба фоидаи ҳар дуи мост».
Ҳамзамон, Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ дар навбати худ гуфт, дар иҷлосияи Шӯрои ҳамкории Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон масоили минтақавӣ ва ҳам вазъи Афғонистон, ба вижа пас аз хуруҷи нерӯҳои эътилоф аз ин кишвари ҷангзада дар соли 2014 низ баррасӣ шуда, байни Душанбеву Брюссел дар бисёр масъалаҳо ҳусни тафоҳум ба даст омадааст.
Ёдрас менамоем, иҷлосияи аввалини Шӯрои ҳамкории ИА ва Тоҷикистон моҳи декабри соли 2010 доир шуда буд. ИА аз соли 1992 ба ин тараф ба ҶТ ҳудуди 500 миллион евро кӯмак карда, дар соли 2011 ҳаҷми ёрии фанниву молии ин созмон 62 миллион евроро дар бар гирифтааст.