Дар Душанбе Конфронси муштараки ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Афғонистон ба кори худ оғоз кард.
Тавре ба «Озодагон» аз агентии назорати маводи нашъаовар иттилоъ доданд, ҳамойиши мазкур бо мусоидати намояндагии Иттиҳодияи Аврупо ва Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон доир мешавад. Ҳадафи ин конфронс рушди иқтидор, таҳкими ҳамоҳангсозӣ ва робитаҳо миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар самти идораи марзҳо ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир эълон шудааст.
Барои ширкат дар нишасти мазкур 12 тан аз намояндагони олирутбаи пулиси марзӣ ва Хадамоти гумруки Афғонистон ва намояндагони баландпояи марзбонӣ, агентии назорати маводи нашъаовар ва Хадамоти гумруки Тоҷикистон даъват шудаанд.
Гуфтанист, Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистонро дар ин нишаст Вайсиддин Азаматов, муовини аввали сарвари агентӣ намояндагӣ мекунад.