Теъдоди қурбониёни Сурия аз 7500 нафар гузашт. Дар ин бора Созмони Милали муттаҳид гузориш додааст.
Лин Паско, муовини сиёсии Пан Ки Мун дар ҷаласаи Шӯрои Амният гуфт, ки ҳамарӯза дар Сурия 100 нафар ғайринизомӣ ба ҳалокат мерасад. Ба иттилои номбурда бештари ин афрод занону кӯдаконанд.
Лин Паско таъкид кардааст, ки ҳудуди 25 ҳазор аз паноҳандагони Сурия дар кишварҳои ҳамсоя шиносоӣ шудаанд.