«Дурнамои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба мубориза бар зидди шиканҷа дар Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015».
Таҳти ҳамин унвон 2-уми март дар толори меҳмонхонаи «Меркурий» ҳамоиши эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии муқобили шиканҷа баргузор мешавад. Дурнамои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба мубориза бар зидди шиканҷа соли 2011 аз ҷониби ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар самти пешгирии шиканҷа дар Тоҷикистон фаъолият кардаанд, таҳия гардидааст. Дурнамои мазкур ба ҷалби васеи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба раванди тадбиқи чорабиниҳои мубориза бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон равона гардидааст. Мавриди тазаккур аст, ки дар марҳилаи кунунӣ 14 созмони Тоҷикистон- Авесто, Ампаро, Апейрон, Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир, Бунёди ҷамъиятии «Нотабене», Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният, Имкониятҳои баробар, Коллегияи адвокатхои ҷумҳуриявии «Сипар», Коллегияи адвокатхои вилояти Суғд, Лигаи занҳои ҳуқуқшинос, Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон - асри XXI», Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон, Маркази ҳуқуқи кӯдак, Маркази ҳуқуқи инсон ба Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии муқобили шиканҷа шомиланд.