Додгоҳи Шёлковои вилояти Маскав дар бораи боздошти дубораи Низомхон Ҷӯраев, собиқ раиси корхонаи кимиёи шаҳри Исфара ҳукм содир кард.
Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ, Ҷӯраев ҳанӯз моҳи августи соли 2010 бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Маскав дастгир шуда буд ва якуним солро дар интизори баррасии парвандаи истирдодаш дар боздоштгоҳ ба сар бурд.
Маврид ба ёдоварист, Низомхон Ҷӯраев, бояд рӯзи 27 феврал озод мешуд, вале ҳамон рӯз дар қӣболи ӯ бо иттиҳоми нав – талоши сӯиқасд ба ҷони шахсе бо номи Мирбодулло Каримов эълон карданд. Ҷӯраев дар Тоҷикистон ба сирқати амвол ва чанд қатл айбдор мешавад, аммо худи ӯ ин иттиҳомотро радд мекунад.