Инчунин, дар CIP–толор «МегаФон Тоҷикистон» минтақаи интернетӣ низ таъсис додааст, ки меҳмонон метавонанд бо суръати 10 Мбит/с аз Интернет истифода кунанд: «Ин намуди хизматрасонӣ барои аксари мусофирон лозим аст, чун баъзан чунин зарурате пеш меояд, то фавран як нома фиристодан лозим мешавад ва ё фаҳмидани обу ҳаво дар мамлакатҳои парвозкунанда, ё аз назар гузарондани ҷадвали ҳаракати нақлиёт дар дигар он шаҳрҳо ва посух ба суолҳои дигаре, ки дар интернет фаровонанд, пайдо мешавад».
-Аз Франкфурт баргашта ман тааҷуб кардам, вақте дидам, ки бо шарофати «МегаФон Тоҷикистон» ман дар фурудгоҳи ватан метавонам аз Интернет истифода барам», - мегӯяд Фирдавс Бобораҷабов, мусофири хатсайри Франкфурт-на-Майне – Душанбе.
Тавре роҳбари Хадамоти маркетинги ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Ҷамшед Бобоалиев иттилоъ медиҳад, минтақаи интернетӣ дар CIP-толор, ин нахустин лоиҳаи оператор мебошад ва дар оянда амалӣ шудани чунин лоиҳаҳо дар фурудгоҳҳои дигари кишвар низ дар назар аст.