Қарзи хориҷаи Қирғизистон марзи $2,6 миллиард доллари амрикоиро убур кард ва марҳилаи ниҳоии баргардонидани ин қарзҳо ба солҳои 2015-2020 рост меояд.
Дар ин бора зимни як нишасти матбуотӣ дар Бишкек муовини вазири молияи ин кишвар Мирлан Байгончоков иброз доштааст.
Ба навиштаи хабаргузории 24.kg аз нисф зиёди қарзҳоро маболиғи Бонки Ҷаҳонӣ, Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки Осиёии Рушд ташкил медиҳад. 44 фисади қарзҳо бинобар гирифтани кӯмакҳои молии дуҷониба аз рӯи шартномаҳои дутарафа ба вуҷуд омадаанд. Байгончоков гуфтааст, аз рӯи ин нишондод Қирғизистон аз Русия, Чин ва Ҷопон қарзи бештарро дарёфт кардааст. Зимнан, Қирғизистон аз Русия- $490 миллион, Ҷопон - $330 миллион ва аз давлати мардумии Чин ҳудуди 151 миллион доллари амрикоӣ қарздор аст. «Ҳаҷми қарзи хориҷӣ 58,1 фойизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил додааст, афзуд Мирлан Байгончоков. Қарзи кам нест, аммо аз ҷониби ҳукумат тамоми чораҳо барои пардохт ва ҳамзамон кам кардани қарзи хориҷӣ дида мешаванд».
Муовини вазири молияи Қирғизистон ҳамчунин гуфтааст, як қисми аъзами қарзи хориҷии кишварро қарзҳои имтиёзнок ташкил медиҳанд ва баргардонидани онҳо бо фойизи камтар пешбинӣ шудааст. Аммо авҷи бозгардонии ин маблағ тайи солҳои 2015-2020 сурат мегирад, ки он вақт на фақат қарз, балки фоидаи онҳо низ бояд баргардонида шавад.