Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо рӯзноманигорон ва собиқадорони матбуоти кишвар ба вазорати адлия дастур дод, ки давоми чанд рӯзи оянда санадҳои заруриро барои аз кодекси ҷиноӣ берун кардани моддаҳои тӯҳмат ва таҳқир таҳия намоянд.
Ин дар ҳолест, ки рӯзноманигорон ва коршиносон таи чанд соли ахир талош доштанд, то моддаҳои 135 ва 136 аз кодекси ҷиноӣ ба кодекси шаҳрвандӣ «кӯч» дода шавад. Аммо ин пешниҳод ҳамеша аз ҷониби масъулин бепосух мемонд.
Ёдовар мешавем, мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони ВАО ба хотири 100 солагии Рӯзи матбуоти тоҷик имконпазир шуд. Ин вохӯрӣ дар толори театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ сурат пазируфт.