Абдулмаҷид Достиев, сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Русия Ҳасан Муҳаммад Ал-Раи, сафири ҷумҳурии Яман дар Русияро ба ҳузур пазируфт.
Тавре ба «Озодагон» аз хадамоти матбуоти сафорати Тоҷикистон хабар доданд, дар вохӯрӣ роҷеъ ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Яман, гузаштаву имрӯзи сатҳи робитаҳо, будубоши шаҳрвандони тоҷикистонӣ дар Яман табодули назар сурат гирифт. Зимни сӯҳбат сафири Тоҷикистон аз таърихи тамосу робитаҳои дуҷониба ва муштаракоти таърихию фарҳангӣ, аз даврони шӯравӣ ва фаъолияти мутахассисони тоҷик дар Яман, бахусус, шифокорону тарҷумонҳо ёдовар шуд. Ҳангоми дидор, авзоъ дар Яман, бо дарназардошти гирудор ва нооромиҳои маълум дар он кишвар ва дастёбии ахири ҷонибҳои мухолиф ба созиш, аз мавзӯҳои меҳварии сӯҳбат қарор гирифт.
Сафири Тоҷикистон аз нигаронии ҷомеаи тоҷикистониён дар робита ба ташаннуҷи авзоъ дар ҷаҳони араб, аз ҷумла дар Яман хотирнишон шуда, ҳамзамон, бо хушнудӣ аз поён ёфтани хушунату даргириҳо ва ба тавофуқ расидани ҷонибҳои мухолиф дар Яман, таъкид ба амал овард.
Ҳасан Муҳаммад Ал-Раи перомуни раванди баҳамойӣ дар Яман, аз ҷумла, ҷузъиёти давраи гузариш, президенти нави Яман интихоб шудани Абдрабӯҳ Мансур Ҳодӣ, дарки зарурати сулҳу ваҳдат аз сӯи пешвоёни ҳизбҳои гуногуну аҳли ҷомеа, инчунин, душвориҳои мавҷуда, аз ҷумла, мушкили иқтисодӣ дар кишвар ва қатъияту талошҳои фарогир барои беҳбудсозии фазои кору зиндагӣ изҳори андеша намуд.