Натиҷаҳои ҷамъбасти рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар ду моҳи соли 2012 дар вилояти Суғд аз тамоюли афзоиши нишондодҳои макроиқтисодӣ гувоҳӣ медиҳанд.
Тибқи иттилои масъулини ҳукумати вилоят, тайи ин муддат ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 529,4 млн. сомонӣ расонида шуд, ки суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 116,8 фоизро ташкил дода, ба маблағи 76,3 млн сомонӣ маҳсулоти саноатӣ зиёд истеҳсол гардид.
Ҳамчунин, аз 267 корхонаҳои саноатӣ 162 корхона ё ин ки 61,8 фоиз вусъати афзоишро нисбат ба соли 2011 таъмин намуда, истихроҷи ангишт 38,7 фоиз, хишт 3,5 маротиба, маҳсулоти пластмасӣ 2,3 маротиба, калобаи пахтагин 87,8, нахи пахта 85,7, равғани растанӣ 51 фоиз нисбат ба соли 2011 афзоиш ёфтааст.