Ҳамзамон, дар баробари бунёди мактаб, инчунин сохтмони хобгоҳ барои хонандагон ва устодон идома дорад. Муаллимон дар марҳилаи аввал бо дарназардошти сатҳи оилавӣ, бо хонаҳои 2, 3 ва 4 ҳуҷрадор таъмин гашта, барояшон қитъаи замин барои бунёди манзили зист дода мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки алъон дар ноҳияи Данғара 68 мактаб, аз ҷумла 41мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, 19 мактаби таълимоти асосӣ, 7 мактаби ибтидоӣ ва 1 гимназия фаъол буда, дар онҳо 1295 муаллим барои 30200 нафар хонанда дарси таълиму тарбия мегузаронанд. Соли 2012-ум дар ҳудуди ноҳия сохтмони 5 мактаби нав дар нақша гирифта шудааст.
Бино ба иттилои мудири шӯъбаи маориф, тайи 20 соли ахир дар ин ноҳия 33 мактаби нав сохта ба истифода дода шудааст.