Як бинои навбунёди мактаб дар ноҳияи Мастчоҳ аз таъсири боронгариҳои шадиди чанд моҳи ахир пурра вайрону валангор гардидааст.
Тавре Ориф Нозимов, масъули дафтари матбуотии КҲФ ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, шаби гузашта (1 апрели соли равон), тақрибан соати 03:00 дақиқа, дар натиҷаи шамоли сахт ва боришоти борону барф, дар ҷамоати Палдораки ноҳияи Мастчоҳ бинои нави мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №30 фурӯ рафтааст.
Субҳи ҳамин рӯз бошад, дар роҳи дохилии деҳаи Мусобозори ҷамоати деҳоти Фароби шаҳри Панҷакент, лағжиши теппа ба амал омадааст, ки дарозии он 70 метр ва баландиаш 8-метрро дарбар мегирад. Бар асари ин ҳодиса, 2 симчӯб, 500 метр ноқили барқ корношоям гардида, оғилхонаи як шаҳрванди ин русто пурра хароб гардидааст. Ба ҷуз ин, 1 асп, 3 сар моли калони шохдор ва 8 гӯсфанд талаф ёфтанд.