Сипас, бо дахли масоили хоҷагидории шаҳр ва бо хулоса аз натиҷаҳои зимистонгузаронӣ ва бо назардошти боришоти барфи зиёд дар мавсим, инчунин эҳтимолияти боронҳои баҳорӣ баҳри омодагиҳо ба рафъи оқибатҳои селойӣ ва дигар пайомадҳои табиӣ дастур фармуд, ки ситодҳои дахлдори ҳолатҳои фавқуллода, ки фаъолияти шабонарӯзӣ доранд дар сатҳи шаҳру ноҳияҳои пойтахт ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ зери масъулияти роҳбарони аввали муассисаву идораҳо фаъолияти пурсамари худро бо ҷалб намудани техникаҳои лозима ва ҳамоҳангӣ бо сохторҳои марбута тавсеа бахшанд.
Манбаъ афзуд, дар робита ба ин таваҷҷӯҳи раисони ноҳияҳои шаҳр ва роҳбарони дигар субъектҳои масъули соҳавӣ ба ҳолати тозагӣ ва коршоямии каналу селпартоҳои марзгузари шаҳр нигаронида шуда, дастур гардид, ки дар ин самт баҳри пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби селборишҳо фаъолияташонро пурзӯр намоянд.
Ҳамзамон, Убайдуллоев ба масъулини шаҳрдорӣ супориш дод, ки барои харидории техникаҳои хурди коммуналии ба тозакунии пиёдароҳравҳо таъинотдошта бо анҷоми пажӯҳиши дақиқ унвонии Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод ирсол созанд.
Инчунин вобаста ба тақвияти фаъолият нисбати вазъи санитарию экологии шаҳр ва маъракаи ниҳолшинонӣ Кумитаи ҳифзи табиати шаҳри Душанберо муваззаф намуд, ки муоина ва инвентаризатсияи дарахтони дар ҳамшафати хиёбону кӯчаҳои шаҳр мавҷудбударо то 1 майи соли 2012 ба анҷом расонида, тибқи тартиби муқарраргардида аз байн бурдани дарахтони ноустувор ва ба амнияти шаҳрвандон таҳдиддоштаро таъмин созад.