Тавре аз вазорати мазкур ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, санади марбутаро аз ҷониби Тоҷикистон Сайраҳмон Назриев, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо ва аз ҷониби Чин Хе Имин, сардори департаменти тиҷорати ноҳияи мухтори Синзян-Уйғур ба имзо расониданд.
Маврид ба ёдоварист, Хитой аз зумраи он кишварҳое мебошад, ки дар бунёди роҳҳо, нерӯгоҳҳои хурду миёна ва умуман рушди иқтисоди Тоҷикистон нақши назаррас дорад. Айни замон беш аз 50 ширкати чинӣ дар бахшҳои мухталифи кишвар фаъолият доранд. Имсол аз ҳамкориҳои Чин ва Тоҷикистон 20 сол пур шуд ва бархе аз коршиносон мегӯянд, эҳтимол меравад ҳаҷми умумии сармои Чин дар Тоҷикистон аз 1 миллиард доллар ҳам бештар бошад.