Сафорати Тоҷикистон дар Русия ахиран як изҳорот дар бораи вазъи муносиботи феълии Тоҷикистону Ӯзбакистонро ба нашр расонидааст.
Торномаи интернетии сафорати ҶТ дар Маскав раҳбарияти Ӯзбакистонро ба идомаи таъқиби роҳи мухолифат ва истифодаи фишангҳои фишори иқтисодиву иртибототие айбдор мекунад, ки
маҷбур кардани Тоҷикистон ба пазируфтани тасмимҳои ба нафъи Тошкандро ба ҳадаф дорад.
Дар идомаи матлаб омадааст, ки Ӯзбакистон аз соли 2010 ба таври мунтазам тавассути манъи барқасдонаи ҳаракати қатор даст ба муҳосираи иқтисодии манотиқи ҷанубу маркази Тоҷикистон задааст. Дар ин робита аз 17-уми ноябр ба ин сӯ баста будани роҳи оҳан дар қитъаи Ғалаба-Амузанг, оғози тахриби ин қитъаи роҳи оҳан, мушкилоти мавҷуда дар масъалаи воридоти гази Узбакистон ба Тоҷикистон ва манъи транзити нерӯи барқи Туркманистонро мисол овардаанд.
Баҳси ду кишвар дар масоили дигар, аз ҷумла тақсими об, сохтани нерӯгоҳҳо, фаъолияти корхонаи алюминими Талко, минагузории марзҳо, то ҳол аломатгузорӣ нашудани марзи ду кишвар низ дар ин баёнияи матбуотӣ аз паҳлӯи дигари чолишҳо дар равобити Душанбеву Тошканд номбар шудааст.
-Маврид ба тазаккур аст, ки Ӯзбакистон борҳо ӯҳдадориҳои худ, аз ҷумла дар мавриди интиқоли газро вайрон кард,-омадааст дар ин баёния. Бино бар ин санад, рӯзи панҷуми январи соли ҷорӣ Тоҷикистон барои гирифтани 200 миллион метри мукааб газ дар тӯли сол бо Ӯзбакистон қародод имзо кардаанд. Аммо танҳо баъд аз гузашти ду моҳ ҷониби Ӯзбакистон гуфтааст, аз якуми апрел интиқоли газро қатъ менамояд.