Бо сабаби аз меъёр зиёд шудани оби рӯдхонаи Сурхоб 32 манзили истиқоматии сокинони рустои Киблаии ҷамоати деҳоти Қушқияи ноҳияи Темурмалик вайрон шуданд.
Тавре ба хабаргузории Озодагон Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ иттилоъ дод, рӯзи гузашта дар натиҷаи боридани борон ва ба замми ин об шудани захираҳои барф дар болооби дарёи Сурхоб сатҳи оби дарё аз меъёр зиёд шуда, аз соҳил баромад.
Зимнан, беш аз 30 манзили маскунӣ осеб дида, хисороти зиёде ба ин мардум расидааст. Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷои ҳодиса неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи грждании ҷамоати деҳоти Қушқия барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ кор бурда истодаанд.
Хушбахтона, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.