Бино ба иттилои манбаъ, худи ҳамин рӯз (дуюми апрел) дар километри 299-уми шоҳроҳи Душанбе-Ҷиргатол тарма фаромадааст, ки дарозии он 100 метр ва баландии барфи он 5 метрро ташкил медиҳад.
Сарчашмаи хабар мегӯяд, айни замон вазъи роҳҳо ва ағбаҳои: Хоруғ, Мурғоб, Хобу Работ, Кутезак, Анзоб, Шаршар, Чормағзак, Фахробод таҳти назорат аст. Аммо қитъаи роҳ аз километри 54 то 73-юми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд зери барф аст, роҳи Ҷиргатол-Лахш низ дар километри 248-ум муваққатан баста аст.