Ҳамин тавр, дар даври аввал, ки рӯзи 7-уми апрел баргузор мешавад, дастаи «Хайр»-и Ваҳдат бо «Истаравшан»-и Истаравшан, «Энергетик»-и Душанбе бо «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Шодмон»-и Ҳисор бо ССКА «Помир»-и Душанбе миёни ҳам рақобат мекунанд. Рӯзи 8-уми апрел бошад, дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо «Ҳосилот»-и Фархор, «Равшан-и Кӯлоб бо «Зарафшон»-и Панҷакент, «Гвардия»-и Душанбе бо «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо «Вахш»-и Қӯрғонтеппа вориди сабқат мешаванд.