ки нисбат ба ҳамин давари соли 2011-ум пули миллӣ 16,3% ва асъори хориҷӣ 38,7% зиёд шудааст».
Манбаъ мегӯяд, ҷалби пасандозҳои шахсони воқеӣ дар фаъолияти низоми бонкӣ, яке аз самтҳои асосӣ мебошад: «Таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳоро 44,3 фоиз, ё мабалғи 1 959,8 миллон сомонӣ пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 55,7 фоиз ё 2 461,1 миллион сомонӣ пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд».
Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки зиёд будани ҳаҷми пасандозҳо бо асъори хориҷӣ нисбати пули миллӣ -ин ба беқурбшавии сомонӣ рабт дошта, бинобар ин, соҳибони маблағ на бо сомонӣ, балки бо асъори хориҷӣ дар бонкҳо маблағҳояшнро нигоҳ медоранд.