Таҳлилгарон истеъфои Тадичро ба тақвияти мавқеъи ҳизби демократ, ки сарварии онро худи ӯ ба ӯҳда дорад, рабт медиҳанд.
Ҳоло номзадии ҳизби прогрессивии Сербистон Томислав Николич, вазири корҳои дохилӣ Ивитса Дачич, сарвари ҳизби Иттифоқи маҷорҳо Иштван Пастор, соҳибкори 82-сола Милан Панич, ҳамчунин роҳбари ҳизби либералӣ-демократии Сербистон Чедомир Йованович дар байни мардум аз маҳбубияти хоса бархӯрдор аст. Эҳтимол дорад дар интихобот Тадич низ ширкат кунад.