Умар Заҳилвал, вазири молияи Афғонистон муътақид аст, ки баъди соли 2014 кишварашро ҳеч гуна буҳрони шадиди молиявӣ таҳдид нахоҳад кард.
Ба қавли номбурда ҳукумат тамоми талошҳоро ба харҷ медиҳад, то коҳиши ҳаҷми кӯмакҳои молии ҷомеаи ҷаҳониро ба Афғонистон ҷуброн кунад. «Дуруст аст, ки хурӯҷи нерӯҳои эътилоф аз кишвар ба иқтисоди мамлакат таъсир мерасонад, аммо ин сабаби буҳрон намешавад. Бархеҳо изҳор медоранд, ки сокинони Афғонистон манзилҳои истиқоматӣ ва молу колои худро бар асари бӯҳрон мефурӯшанд, аммо ин кор ба вуқӯъ намепайвандад. Мутмаинам, ки баъди соли 2014 ва 2015 шароити зиндагӣ дар кишвари мо беҳтар аз имрӯз хоҳад шуд», гуфтааст Заҳилвал.
Вазири молияи Афғонистон ҳамчунин таъкид доштааст, ки бояд кӯмакҳои хориҷӣ муассиртар ҳарҷ карда шаванд. Вай пешниҳод кардааст, масрафоти буҷаи асосии кишвар беҳтар назорат гардида, сармояи хориҷӣ барои роҳандозии тарҳҳои мухталиф зиёдтар ҷалб шавад.