Имрӯз, 7-уми апрел бозиҳои даври аввали мусобиқаи XXI-уми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор мешавад.
Тавре аз шӯъбаи баргузории мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, сабқати имсола бо ширкати 13 даста дар ду марҳила доир мегардад. Дар ҳар давр 6 бозӣ анҷом хоҳад шуд. Марҳилаи аввали мусобиқа имрӯз, соати 16:00 бо рақобати дастаҳои «Хайр»-и Ваҳдат-«Истаравшан»-и Истаравшан ва «Энергетик»-и Душанбе -«Хуҷанд»-и Хуҷанд шурӯъ мегардад. Фардо, 8-уми апрел бошад, тимҳои «Истиқлол»-и Душанбе-«Ҳосилот»-и Фархор, «Равшан»-и Кӯлоб-«Зарафшон»-и Панҷакент, «Гвардия»-и Душанбе-«Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Парвоз»-и Бобоҷон Ғаффуров-«Вахш»-и Қӯрғонтеппа қувваозмоӣ хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки дастаи «Шодмон»-и Ҳисор аз сабқат дар бозиҳои имсола даст кашид.