Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон барои ҳамтоёни худ дар хадамоти зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо истифода аз барномаи «i2» ҳангоми таҳлили гуфтугӯҳои телефонӣ дар шаҳри Кобул семинари омӯзишӣ гузарониданд.
Тавре ба Озодагон аз агентии мазкур хабар доданд, дар маросими ифтитоҳи семинар ҷонишини вазири корҳои дохилии Афғонистон Бозмуҳаммад Аҳмадӣ ширкат ва суханронӣ намуд. Чандин тан аз ҷумлаи афроде, ки дар ин семинар ширкат доштанд, пештар дар курсҳои омӯзишӣ дар базаи Агентии назорати маводи нашъаовар дар шаҳри Душанбе ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд. Ширкаткунандагони семинар хостори он шуданд, ки ин гуна курсҳо на танҳо дар Кобул, балки бештар дар Душанбе созмон дода шавад. Ба гуфтаи онҳо имкониятҳои техникии дарсхонаҳо, таъмин буданаш бо маводҳои таълимиву адабиётҳои омӯзишӣ ва илмӣ-методӣ дар Душанбе бештару беҳтар аз имкониятҳои ҳамсон дар Афғонистонанд.