Ба дунболи нигарониҳо нисбат ба вазъияти иқтисодии ҷаҳон имрӯз қимати тило дар бозорҳои байналмилалӣ коҳиш ёфт.
Ин дар ҳолест, ки таи чаҳор рӯзи гузашта қимати тило рӯ ба афзоиш буд. Ба бовари коршиносон омори навмедкунандаи Вазорати шуғли Амрико дар хусуси коҳиши эҷоди ҷои кор дар ин кишвар дар моҳи март таъсири манфии зиёде ба чашмандози иқтисодии ҷаҳон доштааст.
Тибқи гузоришҳо имрӯз ҳар унс тило дар бозори Ню-Йорк бо 0,3 дар сад коҳиш ба камтар аз 1654,59 доллар расидааст. Ҳол он ки рӯзи гузашта ҳамин миқдор тило беш аз 1662,60 доллар муомила шуда буд.