Гул Шералӣ масоили бунёди сарбандҳои бузургро баррасӣ мекунад
Барои ҷалби сармояи хориҷӣ дар Тоҷикистон заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.
Муҳимтарин шароити беҳтар гардонидани ҷалби сармояи хориҷӣ ин аз ҷиҳати ҳуқуқӣ таъмин будани чунин раванд мебошад, афзуд Гул Шералӣ вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон зимни иштирок дар саммити 11-уми ИДМ, ки дар Фаронса баргузор гардид. Гул Шералӣ дар ин ҳамоиш дар ҳузури намояндагони кишварҳои хориҷа қайд кард, ки « мақсади мо аз ин мулоқот барқарор намудани ҳамкориҳо бо як қатор ширкатҳои ҷустуҷӯи-иктишофӣ ва истихроҷкунандагонӣ конҳои нафту газ мебошад» Вазири энергетика ва саноат дар доираи ин сафараш бо Клод Унгерер, президенти ширкати фаронсавии «Софреко», бо роҳбарони ҶДММ «НЕОЛОБ» ва дигар намояндагони ширкатҳои байналмилалӣ мулоқот намуда, масъалаи муҷҷаҳаз гардонидани озмоишгоҳҳо дар соҳаи корҳои ҷустуҷӯӣ-иктишофии геологиро баррасӣ намудааст. Ба иттилои вазорати энергетика ва саноати кишвар Гул Шералӣ дар ҷаласаи навбатии Кумитаи иҷроияи Комиссияи байналмилалӣ оид ба сарбандҳои бузург, ки то 3-юми июни соли равон дар шаҳри Лютсерни Швейтсария баргузор мегардад, иштирок хоҳад кард.