Дар задухурде, ки байни ду гурӯҳ рух дода, як ҷавони 22 сола ба ҳалокат расидаву чаҳор кас ҷароҳат бардоштаанд.
Тавре ба Озодагон аз Вазорати корҳои дохила иттиллоъ доданд, ин ҳодиса рӯзи 10-уми апрел дар майдончаи варзишии мактаби № 1-и шаҳри Ваҳдат байни ду гурӯҳ сар зада дар натиҷа шаҳрванд Ш. Анушервони 22 сола, сокини кӯчаи Салимзода аз сабаби бардоштани ҷароҳати вазнин ба ҳалокат мерасад.
Бино ба иттилои манбаъ, шаҳрвандон Ш. Ҷамшед ва Қ. Идибеги 16 сола, истиқоматкунандагони кӯчаи Салимзода, Н. Абдулаҳади 20 сола, сокини кӯчаи Бинокорон, Ҳ. Фахриддини 21 сола, сокини кӯчаи Рӯдакӣ ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Айни замон иштирокчиён ва нафарони ба ин муноқиша иртибот дошта аз ҷониби кормандони ШКД-и шаҳри Ваҳдат боздошт гардида, мавриди пурсуҷӯй қарор доранд.