ВКД: Мусодираи 1145 килограмм маводи мухаддир дар панҷ моҳ
Аз борхалтаи шаҳрванди давлати исломии Афғонистон маводи сахттаъсири «ҳероин» дарёфт гардид.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ВКД, 30-юми майи соли ҷорӣ ҳангоми гузаронидани корҳои фаврӣ- ҷустуҷӯи дар кӯчаи Ҳисори пойтахт Муҳамадқосим Муҳаммадорифи 46- сола, сокини кӯчаи Ҳисор, хонаи 19/2, ҳуҷраи 37, барои ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор ба даст афтод. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ӯ беш аз 7 килограмм маводи сахттаъсири «ҳероин» дарёфт ва мусодира карда шуд. Айни замон дар робита ба ин парвандаи ҷиноӣ боз гардида тафтишот идома дорад Ёдовар мешавем, ки тайи муддати сипаришудаи соли равон аз ҷониби кормандони милитсия 457 далели муомилотии ғайриқонунии маводҳои нашъадор ошкор шудааст, ки аз гардиши ғайриқонунӣ беш 1 тоннаву 145 килограмм навъҳои гуногуни маводи мухаддир мусодира карда шудааст.