Чанд рустои ноҳияи Рӯдакӣ зери хатари обхезӣ қарор доранд.
Ориф Нозимов, сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, ки бар асари бориши зиёди борону жолаи рӯзи чоршанбеи 11-уми апрел, ки селобаро дар пай дошт, манзили маскунии сокинони деҳаҳои Тайланобод ва Гулисойи ҷамоати деҳоти Лоҳур, зери хатар қарор гирифт. Дар робита аҳолии зери хавфбударо ба маҳалли дигар кӯч додаанд. Ба иттилои номбурда дубора омадани сел чандин манзили маскунӣ ва даҳҳо гектар замини кишоварзии ноҳияи Рӯдакиро хароб хоҳад кард. «Феълан бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома дорад»,-афзуд номбурда.